home Руйдодхо Саноат

Саноат

Ин чо садои  овози дастгохои дузандаги,  овози махини  буриши кайчи ва  садои пуф ва  тафи хавли буги  дарзмолу дигар воситахои мехнат  кариб, ки хар лахза  ба гуш мерасад.  Чехрахои  кушоди  ин  бонувони чирадаст, зехну диккати онхо  дар тарху духти  матоъ гувохи аз он медихад, ки онхо  ин шуглро дуст медоранду  бо  завки дил мехнат мекунанд. Дар фабрика занони махали кор мекунанд.  Дилафрузи Хол,  яке аз онхо   аст.

Инак солхо мегузаранд.  Байни  дигар  нуктахои хизматрасони  дар маркази тичоратии Султони кабир дар нохияи Восеъ, фабрикаи дузандаги,  дар   сохаи саноати сабуки Точикистон   чои  худро пайдо намуда, бо истехсоли махсулоти ватани   дар ин соха мавкеъи худро  зина ба зина   устувор   менамояд.   Дар фабрика,  коргарон  бо иштирок дар семинархои омузиши ва  гузаштан аз курсхои дузандаги бо иштироки  мутхасисони  дохили ва хоричии  кишвар  тачриба ва малакаи хуби кори онхоро   аз худ намуданд.   Аз хамин лихоз,  барои тайёр намудани дилхох  либосхои мардона ва занона  бо хохиши  мизоч, хамаи фармоишхо кабул карда мешаванд. Айни замон  мувофики фармоиш, коргарон  ба  истехсоли  либосхои мактаби банд  мебошанд.

Фабрикаи дузандаги дар  маркази тичорати  ва хизматрасонии Султони кабир дар нохияи Восеъ, вобаста ба  талаботи бозор, фаъолияти худро рохандози кардааст.  Коргарони мегуянд, ки  дар сурати  ба фуруш  рафтани махсулот,  имкон барои  кабули  коргарони нав пайдо мегардад.  Айни замон, корхона имкон дорад, ки  ба  150 нафар  чои кори пешниход намояд.    Маъмурияти  маркази  тичорати ва хизматрасонии  Султони кабир дар пеш  максад доранд, ки  дар хамкори  бо макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохия ва дастгирии сокинони нохия,  дар доираи «Солхои рушди саноат» иктидори  фаъолияти фабрикаро васеъ  намоянд.

Гузориши Хоча Назриев, Худойназар Зухуров.

 

179 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.