home Руйдодхо Ташаббуси сахмдорон

Ташаббуси сахмдорон

Дар   дехоти ба номи Худоёр Рачабов,  нохияи Восеъ, сахмдорони дехаи Саричашма,  ба коркарди байни каторахои  нихолхои пахта  шуруъ  карданд.Бо мехнати сахмдорон,  имсол дар майдони  35 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. Сахмдорон,  максад доранд, ки аз ин заминхо хосили рекорди ба даст биёранд.   Барои  расидан  ба  хадаф, дар парвариши  нихолхо   бо маслихати  мутахасисон,    аз  хамаи имкониятхо истифода  менамоянд.      Дар дахрузаи аввали мохи май  онхо  чобуки аввалро анчом дода, заминро аз алафхои бегона  тоза карданд.  Дар ин кор, 200  нафар  сокинони деха ба корхои сахрои чалб карда шуданд.

Бо истифода аз боду хавои мусоид, ба мисли ин сахмдорон  дар дигар хочагихои дехконии худуди нохия корхои  байни каторахои нихолхои  майдонхои замини пахта  муташакилона шуруъ гардиданд. Дар  дехоти ба номи Абди Авазов дар  хочагии дехконии ба номи «Садир» кишоварзон рузи 22 март кишти пунбадона гузаронида, бо гузашти   50 шабонаруз  нихолхои пахта дар  чунин  холати хуби нашъунамо карор доранд.   Бо анчоми  корхои  ягона, хочагидорон ба корхои  коркарди байни каторахо ва гизодихии замин шуруъ менамоянд.

Ин шабу рузхо корхои сахрои дар майдонхои заминхои пахта, дар дехоти  Тугарак хам  бо суръат идома доранд.  Дар хочагии дехконии  ба номи «Сиёвуш» тавре, ки  мо шохиди он гаштем, хочагидорон баъди  анчом додани  корхои байни каторахо  ба  гизо додани  замин шуруъ карданд. Гизодихии замин бо дастури  мутахасисон ба рох монда шудааст. Мутахасисон  итилоъ доданд, ки  ин навъи тухми,  дар  муддати  90   руз  мерасад. Янеъ  чамъовари пахтаи ин замин нимаи дуюми мохи июн бояд  огоз  гардад. Ба хамин  хочагихо   монанд,  корхои сахрои  дар   дигар хочагихои дехконии нохия  муташакилона  идома доранд

.

Гузориши Хоча Назриев,  Худойназар  Зухуров.

90 хонанда ин маводро дид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.