Пайроха

ПайрохаБарномаи «Пайроха» барои чавонон буда, дар як мох се маротиба руи эфир мебарояд.  Барандахои барнома низ чавонон хастанд. Хар як барнома дар мавзуи муайян аз хаёти чавонон накл мекунад.

«Пайроха» таргибгари анъанахои милли дар байни чавонон гардид. Аз чумла дар мавзуъхои мушаххас дар шакли тахлил гузоришхо омода шуда, пешкаши тамошобин гардидааст, ки бинанда метавонад хулосаи худро барорад. Инчунин барнома тавонист тарзи хаёти солимро дар байни чавонон таргиб намояд. Аз хаёти варзишгарон ва нафароне, ки аз варзиш обру гирифтаанд, накл мекунад, ки ин метавонад дар дили чавонон хисси дустдории варзиш ва тарзи хаёти солимро бедор намояд. Дар байни барнома пурсиши телевизиони гузаронида мешавад ва дар он нисбати мавзуи барнома андешаи шахрвандон аз кишрхои гуногуни ахоли гирифта мешавад, ки ин ба барнома рангинии дигаре мебахшад. Дар баробари ин дар хар як барнома андешаи коршиносон вобаста ба мавзуъ пешкаш карда мешавад, ки рахнамои хубест, барои чавонон.

Мавзуъхои «Пайроха» тамоми пахлухои хаёти чавониро дар бар мегиранд. Дар охири хар як барнома ракамхои телефон ва почтаи электронии барнома пешкаш карда мешавад, ки тамошобинон метавонанд фикру андеша ва дархосту пешниходхои худро ирсол намоянд.

Хуллас барномаи «Пайроха» пешравии чавонон, камбуди ва мушкилот дар байни чавонон, сахми чавонон дар пешравии чомеаро бетарафона ва ба таври тахлили нишон медихад.

Мавзуъхои барномаи«Пайроха»:

1.      «Мактабхои ибтидоии касби ва чалби чавонон ба омузиши касб»

2.      “Истирохати тобистона”

3.      “Чавонони сохибкор”

4.      “Варзиш дар хаёти чавонони минтакаи Кулоб”

5.      “Имтиёзхо барои мутахассисони  чавон”

6.      “Чавонони дустдори санъат”

7.      “Дастовардхои истиклол”

8.      «Корхонахои саноати-чои кори барои чавонон»

9.      «Осори фарханги дар тарбияи чавонон»

10.  “Чавонони дехот”

11.  “Мухофизати мухити зист”

12.  “Чавонони лули”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *