Саволу чавоб

Мухтарам сокинони нохия Восеъ!!!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар сомонаи мо, тахти унвони «Саволу чавоб» сахифаи нав кушода шудааст. Тарики хамин сахифа Шумо метавонед ба намояндагони макомоти ичроияи хокимияти давлати нохия, макомотхои хифзи хукук ва дигар макомотхо саволхои худро пешниход намуда ба саволатон чавоб гиред!

Ду саволи аввал ба раиси нохия:

Саволхо:

1. Сохтумони каланизатсия дар нохияи Восеъ кай ба анчом мерасад?

Чавоб: — Дар шахраки Восеъ сохтмони канализатсия соли 2016-ум шуруъ гардид. То имруз ба маблаги 300 хазор сомони корхои сохтмони ичро карда шудааст. Маблаггузори барои идомаи корхои сохтмони дар ин самт Хочагии манзили- коммунали чумхурии Точикистон дар якчояги бо Бонки чахони ба мувофика расониданд.   (Раиси нохияи Восеъ М. Гафурзода)

2. Мушкилоти оби нушоки дар махалаи А. Дониш кай хал мегардад?

Чавоб: — Дар масъалаи таъмини сокинони кучаи ба номи А. Дониш бо оби нушоки, зери тавачухи Макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Восеъ карор дорад. Накшаи хати обгузари оби нушоки дар ин куча ба масофаи 4,5 км. тайёр карда шудаась. Ин лоиха бо дастгирии Бонки чахони амали мегардад.  (Раиси нохияи Восеъ М. Гафурзода)

 

Агар Шумо саволхо дошта бошед:

Ба мо нависед: tvmavjiozod@mail.ru

Ба мо занг занед: 919 38 99 84

Ба назди мо биёед: шахраки Восеъ, кучаи У. Хайём 70. Студияи телевизионии «Мавчи Озод»